25 Август 2021 - 10:32
Ҳушдори Қирғизистон дар мавриди фаъолияти махфиёнаи Алқоида ва ДИИШ дар Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон нисбат ба фаъолияти гурӯҳҳои террористии махфӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Руслан Қазоқбоев гуфт: Агар мо дар мавриди гурӯҳҳои махфии террористӣ суҳбат кунем, манзурмон Толибон нест. Раҳбарии Толибон борҳо эълом карда, ки фақат бар дастури кори дохилӣ мутамаркиз аст ва ҳеҷ барномае барои тавсеаи хориҷӣ надорад.

Қазоқбоев гуфт: Эътироф мекунам, ки Алқоида, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ки алоқаманд ба тарвиҷи идеологияи худ ҳастанд, мумкин аст аъзои махфӣ ва билқувва дар кишварҳои Осиё Марказӣ дошта бошанд.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Қирғизистон, дар саросари ҷаҳон пазируфта аст, ки барои таъмини амният бояд иқдомоти пешгирона бо соири кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом диҳем, ки дар ҳамкорӣ бо якдигар чӣ ба сурати робитаи дуҷониба ё дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ бояд ин хатарро дафъ кард.

Қазоқбоев дар идома баён кард: Раҳбарии Толибон қаблан ваъда дода буд, ки масунияту амнияти ҳамаи намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, аз ҷумла дар Кобулро тазмин мекунад, ки умедворем ин ваъдаҳо амалӣ шавад.

Вазири хориҷаи Қирғизистон ёдовар шуд, ки сафорати Қирғизистон дар Кобул ҳифозат мешавад ва ба кори худ ба таври маъмул идома медиҳад.

342/