23 Август 2021 - 14:47
Мухолифати шадиди раиси ҷумҳӯри Русия бо ҷойгирсозии паноҳҷуёни афғонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Раиси ҷумҳури Русия бо ҷойгиркунонии муваққати паноҳҷуёни афғонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мухолифат кард .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Владимир Путин гуфт : Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз муттаҳидони Русия дар Осёи Марказӣ дархост кардаанд, ки паноҳандагони афғониро то замони судури раводиди сафари онон ба Ғарб искон диҳанд.

Ӯ бо тарҳи ин суол, ки ба чи далели ғарбиҳо намехоҳанд, ки паноҳҷуёни афғон бидуни раводид ба Амрико ва Урупо сафар кунанд, ин мавзеи Ғарбро тавҳиномез хонд .
Путин изҳор кард: Мо ба шиддат бо ин дархост мухолиф ҳастем, зеро бо истифода аз ин имтиёз терруристҳо дар пӯшиши паноҳҷуёни афғон метавонанд вориди кишварҳои Осиёи Марказӣ шаванд ва амнияти онҷоро ба хатар биандозанд .

Раиси ҷумҳӯри Русия таъкид кард: Дар ин маврид 23 август дар нишасти маҷозии сарони кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ, ки ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон баргузор мешавад, тасмимгирӣ хоҳад шуд.

342/