ABNA24 : Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, идораи полиси ноҳияи Колуза дар Иёлоти Калифорнияи Амрико дар баёнияе тасреҳ кард: Чаҳор сарнишини болгард бар асари ин ҳодиса, дар дам ҷон бохтанд.
Идораи ҳавонавардии федерали Амрико низ дар баёнияе эълом кард, ин болгард дар ҳудуди соати 13:15 баъд аз зуҳри якшанбе дар ноҳияи Колуза дар шимоли Сакраменто суқут кард.
Идораи ҳавонавардии федерал ва идораи миллии эминии таробарии Амрико дар бораи ин ҳодиса таҳқиқ хоҳанд кард.
342/