25 Июл 2021 - 17:03
Дар таркиши кони ангишти Шӯроб дар минтақаи Исфаре як нафар кушта ва 8 нафар маҷрӯҳ шуданд

Сухангӯи шаҳрдории Исфара дар вилояти Суғд кушта шудани як нафар ва захмӣ шудани 8 тан аз коргарон дар инфиҷори маъдани ангишт дар ин минтақаро таъйид кард.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Тиҷӣ, Зубайдуллоҳ Шоҳмуҳаммадов гуфтааст, ки ин ҳодиса шомгоҳи рӯзи 24 июли соли ҷорӣ рух дод, ки бар асари  он як нафар  кушта  ва 8  тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир  гурӯҳҳои оташнишонӣ ва имдоду наҷот  пас аз маҳори сӯхтор машғӯли бартараф кардани оқибатҳои ин инфиҷор мебошанд.

Аз сӯи дигар Ҳусейн Бобозода муҳандиси маъдани ангиштсанги Шӯроб эълом кардааст, ки иллати ин ҳодисаи инфиҷор, газҳои ҷамъшуда аст.

Аз ин рӯ барои баррасии ин инфиҷор, кори истихроҷи ангиштсанг  дар ин  маъдан мутаваққиф шудааст.

Маъдани ангиштсанги Шӯроб яке аз қадимитарин маъданҳои Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 1902 милодӣ истихроҷи ангишт дар он оғоз ёфтааст.

342/