ABNA24 : Террористҳои ДИИШ ба пойгоҳи “Бадр -6” артиши Ироқ дар ғарби ноҳияи Аррутбаи вилояти Аланбор, дар ғарби ин кишвар ҳамла карданд.
Бар асоси ин гузориш, дар пайи ин ҳамлаи аносури ДИИШ се низомии ироқӣ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд.
Мудирияти итилоърасонии Басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашдушшаъби) низ эълом кард, яке аз аносури ДИИШ дар шаҳри Мавсил, дар шимоли ин кишвар дастгир шудааст.
Бо вуҷуди шикасти ДИИШ дар Ироқ, ҳанӯз шуморе аз аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳузур доранд ва ба сурати пароканда ҳамалоти террористӣ анҷом медиҳанд.
342/