10 Июл 2021 - 14:16
Хатибзода: Марзҳои Эрон бо Афғонистон дар оромиш ва амният аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Ноамнӣ дар марзҳои кишвар бо Афғонистон вуҷуд надорад.

ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо; Саид  Хатибзода, сухангӯи  Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба суоле дар хусуси вазъияти марзҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ бо Афғонистон  пас аз таҳаввулоти ахир дар марз изҳор дошт: Марзҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳиммати марзбонони ғаюри эронӣ дар оромиш ва амният буда ва ноамнӣ дар марзҳои кишвар бо Афғонистон вуҷуд надорад. 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Бо тавваҷӯҳ ба даргириҳои рухдода дар гумрукоти Исломқалъа ва Абӯнасри Форобӣ дар дохили хоки Афғонистони теъдоде аз коркунони афғонистонӣ ба дохили хоки Эрон омадаанд.

Хатибзода таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон  вифқи қавонин ва муқаррарот ва бар асоси қарордодҳои марзӣ бо Афғонистон ва дар чорчӯби ҳусни ҳамҷаворӣ, иқдомоти лозимро анҷом хоҳад дод.

342/