ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар ин ҳамоиш, ки ҳамзамон бо ҳафтаи ҳуқуқи башари амрикоӣ баргузор шуд, мавзӯи ҳуқуқи башари амрикоӣ дар Афғонистон ва абъоди мухталифи ҷиноёти давлати Амрико дар ин кишвар мавриди нақду баррасӣ қарор гирифт.
Қадрдонӣ аз хонаводаи шуҳадои мактаби Сайидушшуҳадои Кобул ва баргузории шаби шеъри шоирони афғонистониву эронӣ бо мавзӯи “Ғунчагони мазлуми Афғонистон” яке дигар аз барномаҳои ин ҳамоиши якрӯза буд.
Ҳамчунин дар ин ҳамоиш китоби “Бо корвони шеъри форсӣ” муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуд. Ин китоб дарбардорандаи ашъори шоирони порсигӯи ғайриэронӣ аст, ки тайи солҳои мухталиф дар маҳзари Раҳбари муаззами инқилоб қироат кардаанду Интишороти Инқилоби Исломӣ онро мунташир кардааст.
342/