20 Июн 2021 - 07:16
Улянов: Имрӯз дар бораи ояндаи музокироти Барҷом тасмимгирӣ мешавад

Дипломати баландпояи Русия эълом кард: Дар нишасти рӯзи якшанбе (20 июни 2021) комиссиюни муштараки Барҷом дар бораи ояндаи музокироти Вена дар бораи эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон тасмимгирӣ мешавад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов-сафир ва намояндаи доими Русия назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена дар тветте  эълом кард : Имрӯз ( якшанбе ) комиссиюни муштараки Барҷом ташкил мешавад, то дар бораи ояндаи музокирот тасмимгирӣ шавад .

Вай афзуд : Тавофуқ дар бораи эҳёи Барҷом дар дасти баррасӣ аст, аммо ҳануз ниҳоӣ нашудааст.
Иттиҳодияи Аврупо бо судури баёнияи расмӣ эълом кард, ки нишасти комиссиюни муштараки Барҷом ( якшанбе ) ба сурати ҳузурӣ дар Вена аз сар гирифта мешавад .
Дар ин баёния, ки нусхае аз он дар торнамои бахши иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мунташир шуд, омадааст: Ин нишаст дар сатҳи муовинон ва мудирони сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи чаҳор ба иловаи як баргузор хоҳад шуд .
Ширкаткунандагон қарор аст ба ройзаниҳо перомуни бозгашти эҳтимолии Амрико ба Барҷом ва итминон аз иҷрои комил ва муассири ин тавофуқ идома диҳанд.
Раёсати ин нишаст бар ӯҳдаи Энрикеи Моруи-муовини дабири кулли бахши  иқдоми хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хоҳад буд. Сайидаббоси Ироқчӣ-муовини сиёсии вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳам раёсати ҳайати эрониро бар ӯҳда хоҳад дошт .
Ҷумҳӯрии исломии Эрон ба унвони кишвари масъӯлиятпазир эълом кардааст, ки дар сурати лағви тамоми таҳримҳо ва иҷрои таъаҳҳудоти тарафҳои дигари ин тавофуқи байналмиллалӣ ба иҷрои комили таъаҳҳудоти барҷомӣ бозмегардад.

342/