ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии ҳавзаи марказии низомии Русия , ин ваксинаҳо ба низомиёни пойгоҳи 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон тазриқ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мақомоти фармондеҳии ҳавзаи низомии марказии Русия дар навбати нахуст ваксинаи Ковид 19-ро кормандони бемористони рақами 451 , афсарону сарбозони мустақар дар қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Душанбеу Бохтар дарёфт хоҳанд кард.
Бо ин ҳол тазриқи ин ваксина барои афрод довталабона хоҳад буд.
Пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе, бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар хориҷ аст, ки ду воҳиди он дар ҷануби пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар-маркази вилояти Хатлон фаъолият мекунад.
Ин пойгоҳ шомили нерӯҳои зиреҳӣ , зиддиҳавоӣ , паҳподӣ , дифо аз ҳамлаҳои кимиёӣ , иттилоотӣ ва иртибототу ҷанги электроникӣ аст.
342/