ABNA24 : Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, бар ин асос фурӯши билет дар ин масир оғоз шудааст.
Тамомии мусофирон дар ин парвоз дар масири рафту баргашт бояд гувоҳиномаи озмоиши Ковид 19 ва саломат аз ин бемориро ба ҳамроҳ доштаанд.
Ҳамчунин афзӯн бар доштани ин гувоҳинома ҳангоми вурӯд ба фурӯдгоҳи байналмилалии Тошканд аз тамомии мусофирон бо ҳазинаи онҳо озмоиши ҷадиди Ковид 19 гирифта мешавад.
Парвозҳои дуҷонибаи ҳафтаӣ миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон аз рӯзи 16 марти соли гузаштаи 2020 ба далели густариши вируси корона мутаваққиф ва марзҳои заминии ин ду кишвари ҳамсоя низ баста шуд.
Қаблан мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар замони аз саргирии парвозҳо миёни Тошканду Душанберо баҳори имсол эълом карда буданд, ки ба назара мерасад бо коҳиши мубталоён ба вируси корона шояд ин иттифоқ зуддтар биафтад.
342/