ABNA24 : натоиҷи тозатарин назарсанҷиҳо дар Амрико нишон медиҳад, ки амалкарди бад дар нахустин мунозираи интихоботии Амрико ва беэътимодии раъйдиҳандагон, " Доналд Трамп ", Раиси Ҷумҳурии Амрикоро аз " Ҷо Бойден " рақиби демократаш ақабтар андохтааст .
Назарсанҷии ҷадиди донишгоҳи Куиннипиак, нишон медиҳад, ки Бойден бо ихтилофи 7 дарсад дар иёлоти Ҷорҷия аз Трамп ҷилу аст .
Ин назарсанҷӣ нишон дод 51 дарсади раъйдиҳандагон аз Бойден 44 дарсад аз Трамп ҳимоят мекунанд ва 4 дарсад ҳанӯз тасмими худро нагирифтаанд .
Назарсанҷии Донишгоҳи Атлантики Флорида, низ нишон медиҳад Бойден бо ихтилофи 10 дарсадӣ аз Трамп дар ин иёлот ҷулутар аст .
Трамп бо ради натоиҷи назарсанҷиҳо онҳоро сохтагӣ арзёбӣ кардааст .
Трамп ва Бойден дар аввалин мунозира иттиҳомоти мухталиферо алайҳи якдигар дар мавриди фасоди молӣ, ва нотавонӣ матраҳ карданд .
Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико, 3 ноябр баргузор мешавад .
Натоиҷи аксари назарсанҷиҳо дар моҳҳои ахир дар Амрико, аз пештозии " Ҷо Бойден" нисбат ба Трамп ҳикоят дорад .
342/