6 Сентябр 2020 - 12:29
Таътил шудани нахустин бемористони Яман ба далели камбуди сӯзишворӣ

Дафтари Вазорати тандурустии Яман дар вилояти Ҳаҷҷа аз таътилии аввалин бемористони кишвар пас аз поёни сӯзишворӣ хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизионии " Ал-масира" , дафтари вазорати беҳдошти Яман дар остони " Ҳаҷҷа",  шимоли ғарби ин кишвар , эълом кард , ба далели поён ёфтан сӯзишворӣ , ироаи хадамоти пизишкӣ дар бемористони " Ёсир Васоб " мутаваққиф шуда аст .

Ин дафтар ҳушдор дод , таътил шудани бемористонҳо фоҷеаи инсонӣ аст, ки дар ниҳоят мунҷар ба вахимтар шудани авзои беҳдоштии мардуми Яман хоҳад шуд .
 ширкати нафти Яман сешанбеи ҳафтаи гузашта аз ба поён расидани комили захираи сӯзишвории ин ширкат дар бандари " Ал-Ҳадида " хабар дод .
Эътилофи мутаҷовизи саъудӣ 21 киштии ҳомили маводи сӯзишвориро аз беш аз 5 моҳ қабл тавқиф кардааст .
 Ин дар ҳолест, ки киштиҳои тавқифӣ , муҷаввизҳои Созмони Милалро дарёфт кардаанд .

342/