ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар , дар кунгураи ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе аъзои ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустами Раҳматзода раиси ин ҳизбро ба унвони номзади интихоботии раёсати ҷумҳурии 11 октябр пешниҳод карданд .
Рустами Раҳматзода, ки аз соли 2019 раёсати ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифта , ҳам инак намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон аст .
Гуфта мешавад, ки ин ҳизб дорои 31 ҳазор узв аст.
Токунун раисони аҳзоби кишоварзӣ , сотсиалист ва Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ки ҳар се намояндаи маҷлиси қонунгузории ин кишвар ҳастанд , ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр муаррифӣ шудаанд .
Ба зудӣ дар конгресси аҳзоби халқи демукрат ва коммунист низ номзадҳои ми ин ду ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистони муаррифӣ хоҳанд шуд .
Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октбри 2020 баргузор мешавад .
342/