ABNA24: Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси куруно дар кишвар эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 625 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 246 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни инки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 336 ҳазору 324 нафар расидааст, афзуд, дар 24 соати гузашта, 174 нафар аз беморони Ковид-19, ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 19 ҳазору 162 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 292 ҳазору 58 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси куруно дар ҷаҳон низ ба беш аз 20 миллиону 827 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод ҳудуди 747 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва дастикам 13 миллиону 723 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
342/