ABNA24: Ба гузориши “Форс”, Хусрав Нозирӣ, муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Лю Бин, сафири Чин дар Душанбе ба таври онлайн гуфтугӯ карданд.
Бар асоси гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, масоили марбут ба иҷрои проектҳои муштараки зерсохтӣ дар қаламрави ин кишвар меҳвари ин музокиротро ташкил додааст.
Зимни баррасии соири мавзӯоти мавриди алоқаи тарафайн, намояндаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи тарафи чиниро ба интишори матолибе дар расонаҳои чинӣ, ки ба таври муғризона масоили марбут ба марзи давлатии ду кишварро пӯшиш додаанд, ҷалб кард.
Дар ин росто, бо таваҷҷуҳ ба муносиботи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва мушорикати ҷомеи стратегӣ байни ду кишвар таъкид шуд, ки тарафайн бояд ба манзури ҷилавгирӣ аз интишори ин гуна матолиби муғризона дар расонаҳо иқдомоти лозимро анҷом диҳанд.
Ин мулоқот дар фазои дарки мутақобил сурат гирифтааст.
342/