7 Июл 2020 - 13:15
Террори як коршиноси матраҳи масоили амниятӣ дар Бағдод

Ҳишам Ал-Ҳошимӣ, коршиноси матраҳи амниятӣ ва сиёсии Ироқ аз ҷониби афроди мусаллаҳ террор шуд.

ABNA24: Бино ба иттилои радиои тоҷикии Садои Хуросон , ба нақл аз ИРНА , афроди мусаллаҳ  Ҳишом Ал-Ҳошимиро шоми душанбе пас аз як мусоҳибаи телевизионӣ дар Бағдод кушта шудаанд.

Вазорати умури дохилии Ироқ таъсиси як кумита барои таҳқиқи куштори Ҳишом Ал-Ҳошимӣ, таҳлилгари маъруфи Ироқро эълом кард.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти куштори Ҳишам Ал-Ҳошимиро бар дӯш гирифт.

Сарвазири Ироқ Мустафо Ал-Козимӣ раҳбари раёсати амнияти минтақаро, ки Ал-Ҳошимӣ дар он ҷо кушта шуд,  аз кор сабукдӯш кард.

Шахсиятҳои сиёсӣ ва мақомҳои  давлати Ироқ шоми душанбе бо судури баёнияҳое террори  Ҳишам ал-Ҳошимиро маҳкум карданд.

342/