29 Июн 2020 - 16:43
Охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон; Беҳбудии беш аз 186 ҳазор нафар

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон аз шиносоии ҳудуди ду ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 ва беҳбудии беш аз 186 ҳазор нафар дар кишвар хабар дод.

ABNA24: Ба гузориши радиои Садои Хуросон, "Симо Содот Лорӣ" сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизигкии Эрон рӯзи дуганбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълон кард: бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 536 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 461 маврид бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамотӣ ироа шуд, Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар Эрон ба 225 ҳазору 205 нафар расидааст, афзуд: дар 24 соати гузашта, 162 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 10 ҳазору 670 нафар расид. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 186 ҳазору 180 нафар аз беморон, беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

342/