ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ИСНА, ба навиштаи рӯзномаи фароминтақаии Ал-Қудс-ул-Арабӣ, Зайфуллоҳ Алшомӣ, вазири иттилоърасонии Давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне изҳор кард: Душмани исроилӣ, Яманро таҳдиде барои мавқеияти худ медонад ва дар пайи эҷоди як ҷои по дар Яман ба воситаи Аморот аст.
Вай афзуд: Як иртибот (дар Яман) бо режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад ва он чи аз ин иртибот то кунун фош шудааст, дидори Холид Ал-Имонӣ, вазири умури хориҷаи давлати истеъфодода бо Натанияҳу ва изҳороти мақомоти Шурои интиқолии ҷануби Яман аст.
Холид Ал-Имонӣ дар нишасти феврали 2019-и Варшава дар канори Бенямин Натанияҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ нишаст ва пас аз мушкили фаннии микрафон Натанияҳу фавран микрафони худро дар ихтиёри ӯ гузошт ва бо ханда гуфт: Ҳамкорӣ аз ҳаминҷо оғоз шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзномаи "Исроил- Ҳиюм" низ якшанбе дар гузорише бо унвони "Дӯсти маҳрамонаи нави Исроил дар Яман" навишт: Муздурони Аморот дар Шурои интиқолии ҷануби Яман мавзеъи мусбате дар баробари Исроил доранд, аммо Исроил ҳануз равобити дипломатики расмӣ бо ин шуро барқарор накардааст.
342/