(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломи- вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон ва Нургелдӣ Гандиев- вазири сохтмон ва меъмории Туркманистон аз тариқи видеоконфронс, пули марзии байни ду кишварро ба сурати расмӣ ифтитоҳ карданд. Баҳрабардорӣ аз ин пул, поёнаи марзии Сарахс дар шимоли шарқи Эронро ба марказе барои транзити колоҳои ҷодаӣ байни Осиёи Марказӣ, обҳои озод ва Туркия табдил хоҳад кард. Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон бо баёни инки Теҳрон омодаи баррасии чигунагии оғози амалиёти транзити ҷодаӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, гуфт: Барои убури рӯзона якҳазор мошини боркаш аз пули марзии ҷадид бо Туркманистон ҳадафгузорӣ шудааст. Исломӣ ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи дуҷониба ва чандҷонибаи Эрон бо Туркманистон барои тавсеаи мубодилоти иқтисодӣ ва тиҷорӣ гуфт: Ҳамакнун ҳамаи дарвозаҳои муштараки Эрон бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Туркманистон таҳти контроли дақиқи масоили беҳдоштӣ қарор доранд ва таҷҳизоти безараргардонӣ дар марзҳои ду кишвар мустақар шудаанд. Вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон бо қадрдонӣ аз ҳамроҳии Туркманистон барои тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар, афзуд: Эрон омодагии комил дорад, муносиботи иқтисодии дуҷониба ва чандҷонибаро бар асоси мусавваботи давлатҳои ду кишвар ва тавофуқномаҳои транзитии Ишқобод, кишварҳои ҷодаи Абрешим ва ҳамсояи баҳрии Хазар бо Туркманистон аз сар гирад.
342/