(ABNA24.com) Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Яҳё Ассареъ хотирнишон кард, нерӯҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ тайи як ҳафтаи ахир 11 амалиёти ҳуҷумии заминӣ ва талош барои пешравӣ дар ҷабҳаҳои марзӣ ва устонҳои Алҷуф, Маъриб, Албайзо ва Аззолии Яман доштаанд.
Бар асоси эъломи сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ низ тайи як ҳафтаи ахир 110 бор устонҳои Санъо, Саъда, Албайзо, Маъриб, Алҷуф ва Алзолии Яманро бомбаборон кардаанд.
Яҳё Ассареъ дар идома хотирнишон кард, эътилофи Саудӣ аз нуҳуми апрел то кунун беш аз 76 амалиёти заминии ҳуҷумӣ ва беш аз 810 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Яман анҷом додааст.
Эътилофи саудӣ ҷумъаи гузашта пас аз 2 ҳафта аз эъломи оташбаси иддаоиаш эълом кард, ин оташбас як моҳи дигар тамдид шудааст.
Яманиҳо эъломи оташбас аз сӯи эътилофи Саудиро тактикаи Арабистон ҷиҳати хариди замон барои бозсозии қувваҳои худ медонанд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷиҳ кардааст.
342/