5 Май 2020 - 12:52
Сӯистифодаи Чин ва Россия аз корона барои пешбурди манофеи худ дар Аврупо

Вазири дифои Америка муддаӣ шуд, ки Чин ва Россия талош мекунанд аз шуюи корона барои пешбурди манофеи худ дар Аврупо сӯистифода кунанд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз форс , "Марк Эспер» вазири дифои Америка муддаӣ шуд, ки Чин ва Русия аз вазъияти изтирорие, ки дар пайи шуюи вируси корона дар ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, барои пешбурди манофеи худ дар Аврупо суиистифода мекунанд. 
 
 Вай афзуд: « (Иёлоти Муттаҳидаи Америка) огоҳ аст, ки бархе (кишварҳо) талош мекунанд то аз шуюи корона ба унвони роҳе барои сармоягузорӣ дар саноеъ ва зерсохтҳои муҳим, ки дар баланд муддат бар амният таъсир дорад, истифода кунанд». 
 
 Ин мақоми Америкоӣ идома дод: «мухолифон билқувва низ қатъан талош мекунанд то аз манофеи худ барои пешбурди манофеашон истифода кунанд ва дар Нато ва Аврупо эҷоди ихтилоф кунанд. Huawei ва 5G, намунаҳои муҳиме аз ин фаъолияти шаруронаи  Чин аст». 
 
 Изҳороти вазири дифои Америка дар шароите матраҳ шудааст, ки ба таври ҳамзамон бархе аз мақомҳои Америкоӣ талош мекунанд, то Пекинро барои шуюи коронавирус дар ҷаҳон муқассир ҷилва диҳанд. 
 
 «Майк Помпео» вазири хориҷаи Америка рӯзи гузашта (якшанбе) муддаӣ шуд, ки Вашингтон шавоҳиде дар ихтиёр дорад, ки нишон медиҳад корона аз озмоишгоҳи дар шаҳр «Вуҳон» -и Чин берун омадааст.

342/