2 Май 2020 - 13:12
Пешбинии Бонки Осиёии Рушд дар бораи рукуди иқтисодии бесобиқа дар Осиёи Марказӣ

Бонки Осиёии Рушд (ADB) бо таваҷҷуҳ ба ҳамагир шудани вируси корона дар ҷаҳон барои минтақаи Осиёи Марказӣ рукуди иқтисодии бесобиқаеро пешбинӣ кард.

(ABNA24.com) Ба нақл аз Спутник, Бонки Осиёии Рушд  дар гузорише навишт: Ҳамагирии вируси корона дар саросари ҷаҳон ва маҳдудиятҳои зиёде, ки аз моҳи гузашта барои ҷилавгирӣ аз густариши бештари ин бемории кушнда иҷро шуд, таъсири зиёде бар иқтисоди ҷаҳонӣ гузошта ва рукуди бесобиқаеро ба иқтисодҳои Осиёи Марказӣ низ таҳмил хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, коршиносони ҳавзаи сиёсатгузорӣ дар Бонки Осиёии Рушд таъкид доранд, ки бонкҳои миллӣ ва марказии ҷумҳуриҳое аз қабили Узбакистон бояд барои ҳифзи иқтисоди минтақа дар миёнаи бемории ҳамҳгири корона, бисёр қотеонатар аз қабл амал кунанд.

Гузориши Бонки Осиёии Рушд  меафзояд: Имрӯза аксари манотиқи ҷаҳон бо паёмадҳои иқдомоти маҳдудкунандае, ки ба ночор иҷро шуда буданд рӯ ба рӯ ҳастанд ва ҳамонгуна, ки коршиносон таъкид мекунанд, қатъи равобити ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ки бар занҷираҳои содиротӣ, гардишгарӣ, гардиши молӣ ва ҷараёнҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин коҳиши тавлиди дохилӣ таъсир мегузорад, дар ҳар сурат иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва ба вижа минтақаи Осиёи Миёнаро низ ба шиддат таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Дар ин гузориш омадааст: Пешбинӣ мешавад барои бисёре аз кишварҳои минтақа, рукуди иқтисодӣ бадтар аз буҳрони молии ҷаҳонӣ дар соли 2008-2009 ва уфти қимати нафт дар соли 2014-2015 ба вуҷуд ояд.

342/