11 Март 2020 - 15:20
Имзои фармони афв ва озодии зиндониёни "Толибон" дар Афғонистон

Раисҷумҳури Афғонистон фармони афв ва озодии аъзои гурӯҳи "Толибон"-ро аз зиндонҳо содир кард.

AhlulBayt News Agency (ABNA) Садиқ Садиқӣ, сухангӯи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи чоршанбе дар саҳифаи твиттериаш навишт: Ашраф Ғанӣ сешанбешаб дар фармоне чормоддаӣ афв ва озодии зиндониёни "Толибон"-ро бо ҳадафи оғози гуфтугӯҳои сулҳ имзо кард.

Бар асоси ин фармон? аз ҳафтаи оянда озодии "Толибон" аз зиндон оғоз мешавад.

Қарор аст ҳудуди 5000 зиндонии гурӯҳи "Толибон" аз зиндони давлати Афғонистон озод шаванд ва гурӯҳи "Толибон" қарор аст, ҳазор зиндонии давлати Афғонистонро озод кунад.

Tags