(ABNA24.com) Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, ҳазорон фаластинӣ бомдоди имрӯз (ҷумъа) барои иқомаи намози субҳ дар Масҷидулақсо ҳузур ёфтанд.
Фаластиниён имрӯзро “ҷумъаи хашм” барои мухолифат бо тарҳи нажодпарастонаи “Муомилаи қарн” номидаанд ва дар ҳоле, ки шиори “Ҷонам фидои Масҷидулақсо” сар медоданд, вориди ин макони муқаддас шуданд.
Низомиёни исроилӣ дар пайи ҳузури намозгузорон, ба Масҷидулақсо юриш бурданд то монеи баргузории ҳар гуна тазоҳурот пас аз иқомаи намоз шаванд.
Низомиёни режими саҳюнистӣ дар ин юриш илова бар захмӣ кардани 11 фаластинӣ, се нафарро низ боздошт карданд.
Сарзаминҳои ишғолӣ аз замони рӯнамоии тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” аз сӯи раисҷумҳури Амрико дар сешанбеи гузашта, шоҳиди эътирозҳои густурда ва даргирии низомиёни саҳюнист бо фаластиниҳост.
/129
1 Феврал 2020 - 08:42
News ID: 1006759
Нерӯҳои амниятии режими саҳюнистӣ бо юриш ба Масҷидулақсо, 11 намозгузори фаластиниро захмӣ карданд.