(ABNA24.com) Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ имрӯз (душанбе) дар дидори масъулони ҳаҷҷи Эрон баҳрагирӣ аз фурсати ҳаҷ барои расондани сухани нави ҷумҳурии исломӣ ба дунё, яъне улгӯи мардумсолории диниро мавриди таъкид қарор доданд ва гуфтанд, улгӯи мардумсолории динӣ барои дунё ношинохта аст ва дар муқобили миллионҳо василаи таблиғотие, ки имрӯз дар ҳоли фаъолият алайҳи ҷумҳурии исломӣ аст, метавон аз фурсати ҳаҷ барои табйини ин улгӯ ва масоиле монанди иллати душмании Амрико ва мантиқи зери бори зӯр нарфтани миллати Эрон истифода кард. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар аҳамияти масъалаи ҳаҷ ба унвони як ҳаракати сиёсӣ, эътиқодӣ ва иҷтимоӣ афзуданд, албатта, бисёре аз кишварҳо аз аҳамият ва коркардҳои муҳими ҳаҷ ғофиланд, аммо ҳаҷ як нуқтаи таҳарруки ҷиддӣ ва байналмилалӣ аст ва манофеи фаровоне аз он барои уммати исломӣ мавриди интизор аст. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин бо ишора ба талошҳои гуногуни қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз шаклгирии уммати воҳидаи исломӣ гуфтанд, уммати исломӣ ба маънои воқеии он, яъне як воҳиди мунсаҷим, ки бо ирода ва ҳадафи муштарак иқдом кунад, ҳанӯз шакл нагирифтааст ва мутаассифона, дар муқобили даъвати дилсӯзон ва хайрхоҳон ба иттиҳоди исломӣ, туҳматзанӣ, таоруз ва ҷанг дар кишварҳои исломӣ ривоҷ дорад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ манзури амрикоиҳо аз ин ҳарфро, ки Эрон бояд ба як кишвари оддӣ табдил шавад, даст кашидани ҷумҳурии исломӣ аз сухани нави он барои дунё, яъне «талфиқи орои мардумӣ бо афкори исломӣ ва мабонии динӣ дар ташкил ва идораи ҷомеа» донистанд ва афзуданд, инъикоси мабонии сиёсии низоми ҷумҳурии исломӣ ва табйини сухани нави он барои дунё яке дигар аз корҳои муҳим ва лозим дар ҳаҷ аст.












/129