(ABNA24.com) Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Милалли Муттаҳид дар дидор бо Дабири кули ин Созмон бар азми Эрон дар дифо аз мардум ва сарзамини худ таъкид кард.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Маҷид Тахт Равончӣ сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Милалли Муттаҳид, дар дидор бо Антонио Гуттерреш фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар мубориза бо терорризм ва шикасти ДИИШ, вайро як қаҳрамони беназир дар Эрон ва минтақа донист.
Тахт Равончӣ ҳамчунин маросими ташаюи чандмиллионии сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон ва Ироқро баёнгари иштибоҳи муҳосиботии Амрико дар терори шаҳид Сулаймонӣ донист.
Сафири Эрон назди Созмони Милалли Муттаҳид бо ишора ба интиқоми сахти Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба иқдоми терорристии Амрико, афзуд ; ҷумҳурии исломии Эрон дар паи эҷоди субот дар минтақа аст ва қасди ҷанг надорад.
Тахт Равончӣ ҳамчунин бо ёдоварии нақш ва вазифаҳое,ки Дабири кули Созмони Милалли Муттаҳид мутобиқи қатъномаи 598 барои иртиқои ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс бар уҳда дорад, аз Антонио Гуттерреш хост дар ин росто талоши бештаре кунад.
Сафири Эрон назди Созмони Милалл ҳамчунин бо ишора ба содир нашудани раводиди Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милалл гуфт ; аз Дабири кул ва Созмони Милалл интизор меравад дар бархурд бо ин тахалуф ва нақзи ошкори муқарарот ва тавофуқномаҳои байналмиллалӣ фаолтар ва сариҳтар иқдом кунанд.
Гуттерреш низ бо қадрдони аз талоши Эрон барои эҷоди субот дар минтақаи ғарби Осиё, тарҳи Эрон бо унвони Пуйиши сулҳи Ҳурмузро дар ростои коҳиши танишҳо дар минтақа арзёбӣ кард.
/129
Дидори Тахт Равончӣ бо Дабири кули Созмони Милалл ; таъкиди Эрон бар дифо аз мардум ва сарзамини худ
9 Январ 2020 - 07:20
News ID: 1000839
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Милалли Муттаҳид дар дидор бо Дабири кули ин Созмон бар азми Эрон дар дифо аз мардум ва сарзамини худ таъкид кард.