AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

21 Июн 2023

17:17:40
1374614

Истиқболи Эрон аз ибтикори дабири кулли СММ дар бораи нишасти 8 кишвари ҳавзаи халиҷи Форс

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, ибтикори гуфтугӯҳои минтақаӣ метавонад мунҷар ба ҳамкории ҳашт кишвари ҳавзаи халиҷи Форс шавад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе, пас аз гуфтугӯ бо Бадр бин Ҳамад Албусаидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон дар Масқат, дар ҷамъи хабарнигорон, ба ибтикори Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи гуфтугӯҳои минтақаӣ ишора карду гуфт: Ибтикори гуфтугӯҳои минтақаӣ метавонад мунҷар ба ҳамкории ҳашт кишвари ҳавзаи халиҷи Форс шавад.

Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо қадрдонӣ аз талошҳои Ҳисом бин Ториқ, султони Уммон барои миёнҷигарӣ миёни кишварҳои минтақа гуфт, Теҳрон ба ибтикороти султони Уммон дар қиболи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва бо ҳадафи ҳамкорӣ, сулҳ, субот ва тавсеаи минтақаӣ арҷ мениҳад.

342/