25 Сентябр 2019 - 08:52
Натиҷаи таҷовуз ба Эрон қатъан нобудӣ ва асорат хоҳад буд / бо кишварҳои минтақа ҳеч душманӣ надорем

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар инки имрӯз душманон аз таҷовузи мустақими низомӣ ба кишвари мо ноумед шудаанд , гуфт : Натиҷаи таҷовуз ба ин кишвар қатъан нобудӣ(инҳидом) ва асорат хоҳад буд.

ИА ABNA: Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо таъкид бар инки имрӯз душманон аз таҷовузи мустақими низомӣ ба кишвари мо ноумед шудаанд , гуфт : Натиҷаи таҷовуз ба ин кишвар қатъан нобудӣ(инҳидом) ва асорат хоҳад буд.

 Сарлашкар Боқирӣ дар ҷаласаи кушоди имрӯзи ( сешанбе ) Маҷлиси шурои  исломӣ ба муносибати ҳафтаи дифои муқаддас бо гиромидошти айёми ин ҳафта , изҳор дошт : Кишвари азизи Эрон дар таи қарнҳои гузашта ба унвони  кишвари  заъифу ақибмонда мавриди шинохти кишварҳои дигар дар ҷаҳон будаву дар қарни бистум ба унвони  ҳалқае аз занҷираи истикбори ғарбӣ маъмурияту масъулияти  ғайрибумии вогузоршуда аз тарафи Амрико ва НАТО-ро дошта аст .

 Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон идома дод : кишварҳое мисли Фаронса ва Олмон ва кишварҳое, ки ба таъаҳҳудоти худ дар БарҶом амал намекунанд ва имрӯз шоҳиди он ҳастем ки баёния содир мекунанд , дар он замон ҳам дар канори Саддом қарор доштанд .

 Сарлашкар Боқирӣ гуфт : Агар дар сатҳи минтақаӣ вазъияти мутафовитеро нисбат ба гузашта мебинем , аз баракоти инқилоби исломӣ аст. Муқовимати ҳаштсолаи миллати Сурия дар баробари таҳоҷуми террористҳо , намунаи баргирифта аз дифои муқаддас аст . Агар дар Ироқ ҷанг бо террористҳо бо фатвои пешвоёни динӣ ва ташкили созмонҳои мардумӣ ба муваффақият мерасад , ба баракати дифои муқаддас аст . Агар Лубнон рӯйи оромиш дораду субот дар он ҳаст ба баракати дифои муқаддас аст,  дар сартосари минтақа  ин баракотро мебинем .

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бо ишора ба таҷовузи эътилофи саъудӣ ба Яман , тасреҳ кард : Мардуми Яман чаҳору ним сол бо дасти холӣ дар баробари таҷовузи Арабистон истодагӣ карданду имрӯз ба силоҳҳое даст пайдо карда, ки ҳавопаймои  роҳбурдии душманонашро сарнагун мекунаду дар ҳазорон километрӣ , таъсисоти нафтии душманашро мавриди исобат қарор медиҳад, ки ин ҳам аз баракоти дифои муқаддас аст .

 Вай бо таъкид бар инки имрӯз душманон аз таҷовузи мустақими низомӣ ба кишвари ноумед шудаанд , унвон кард : душманон имрӯз миллати моро бо тероризми иқтисодӣ рубару кардаанд, ки танҳо роҳи убур аз ин гардана , пайравӣ аз арзишҳои дифои муқаддас аст .

 Сарлашкар Боқирӣ идома дод : Агар бо якдилӣ миёни ҳамаи масъулини кишвар ва дурӣ аз ҳизбу ҷиноҳгароӣ дар масири манофеъи миллӣ даст дар дасти ҳам дошта бошем  иқтисоди муқовиматӣ ва ҳаракатҳои ҷиҳодиро равиши худ қарор диҳем , аз ин марҳила  убур хоҳем кард .

 Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо баёни инки масъулияти мо бо душман равшан аст , гуфт : Ба Амрико ва саҳюнистҳо борҳо эълом кардаем, ки агар ният,ирода ва ё иқдоме барои таҷовуз ба кишвар дошта бошанд бо қотеъият дар баробари он хоҳем  истод  монанди рафторе, ки бо паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ , шиновари мутахаллифи англисӣ дар канори киштии англисӣ сурат гирифт . натиҷаи таҷовуз ба ин кишвар қатъан инҳидому асорат хоҳад буд .

 Вай бо таъкид бар инки бо кишварҳои ҳамсояи худ дар минтақа ҳеч душманӣ надорем , таъкид кард : Арабистону Иморот ки дар сарварии кишварҳои тавтиагар алайҳи мо дар минтақа ҳастанд , кишварҳои исломие ҳастанд, ки роҳро гум кардаанду бояд ба домони ислому ба наздикиву ҳамроҳӣ бо Эрон баргарданд ва танҳо дар ин сурат аст, ки шоҳиди амнияту ободӣ дар минтақа хоҳем буд .



/129