18 Август 2019 - 07:38
Номгузории расмии ҷашни себ ва ангур дар Тоҷикистон ба дастури раиси ҷумҳури ин кишвар

Номгузории ҷашни себ ва ангур дар Тоҷикистон ба дастури раиси ҷумҳури ин кишвар расмӣ эълом шуд.

(ABNA24.com) Ба нақл аз хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмон бо иблоғи ду дастур дар таърихи 17 августи соли равон баргузории ҷашни себ ва ангур дар Тоҷикистонро  расмӣ эълом кард.

Бар асоси фармони нахусти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола дар ин кишвар аз севвумин шанбеи оғози моҳи август ба унвони рӯзи ҷашни себ аз кишоварзон таҷлил хоҳад шуд.

Ҳамчунин бар асоси фармони дигари раиси ҷумҳури ин кишвар ҳама сола севвумин шанбеи оғози моҳи сентябр низ рӯзи ҷашни ангур номгузорӣ шудааст.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон муътақиданд, ки ин иқдом  муҷиби ҳимоят аз кишоварзон ва ташвиқи онон барои тавлиди меваҳое бо сифати беҳтар дар ин кишвар хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки пештар дар Тоҷикистон рӯзҳое аз сол ба унвони ҷашни асал ва харбуза номгузорӣ шудаанд.


/129