(ABNA24.com) Ба нақл аз сомонаии қирғизии Аза-Тик, таниши рӯзи гузашта ба дунболи мумониати марзбонони Қирғизистон аз истифодаи замини мавриди ихтилоф барои бозии футбол тавассути сокинони рустои Овчӣ Қалъа дар шаҳристони Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон эҷод шуд.
Тарафҳои қирғизӣ идао кардаанд, ки ин қисмат аз минтақаи марзӣ то замоне, ки ҳануз нишонагузорӣ нашуда набояд мавриди истифодаи тарафҳои марзии ду кишвар қарор гирад.
Ба ҳар ҳол таниши дирӯз байни сокинони ҳар ду русто ва марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон бидуни осиб поён ёфт.
Бо вуҷуди музокироти ҳафтаи пеши Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон марзи миёни ду кишвар ҳамчунон хабарсоз ва пуртаинш аст.
/129
7 Август 2019 - 04:57
News ID: 967517
Оромиш ба минтақаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғистон баъд аз бурузи таниши дирӯз бозгаштааст.