Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Масира, Вазорати корҳои хориҷии Яман дар баёния эълон кард: мо таҷовузи низомии эълонкардаи душмани исроилиро дар маркази Навори Ғазза маҳкум мекунем. Душмани исроилӣ бо эълони оғози ин таҷовузи низомӣ дар маркази Навори Ғазза созишномаи «Шарм-уш-Шайх» ва уҳдадориҳои худро нисбат ба миёнаравон пурра нодида гирифт.
Санаъ дар ин баёния афзуд: ин таҷовузи Исроил қисме аз силсилаи ҷиноятҳои ҳаррӯза ва куштори доимиест, ки алайҳи мардуми Ғазза сурат мегирад. Ҳукумати Трамп дар ҷиноятҳои сионистҳо бо онҳо ҳамдаст аст ва ҳамроҳ бо миёнаравон масъулияти пурраи ин рӯйдодҳоро ба дӯш дорад.
Вазорати корҳои хориҷии Яман афзуд: мо аз ба истилоҳ эътилофҳои арабӣ ва исломӣ мехоҳем, ки барои қатъ кардани ин ҷиноятҳо алайҳи мардуми Фаластин иқдоми амалӣ анҷом диҳанд. Таъкид мекунем, ки Яман бо ниҳояти дақиқ таҳаввулоти ҷорӣро зери назар дорад ва омода аст, ки вазифаҳо ва масъулиятҳои худро дар ин замина иҷро намояд.
Your Comment