18 Ноябр 2026 - 15:45
Source: ABNA
Сенатори амрикоӣ: Вашингтон мустақиман дар наслкушии Ғазза иштирок кард

«Абдурраҳмон Муҳаммад ас-Сайед», сенатори демократи амрикоӣ, бо интиқоди шадид аз ирсоли силоҳҳои қотил барои режими сионистӣ, тасреҳ кард, ки Иёлоти Муттаҳида бо таъмини силоҳ шарики ҷурм ва наслкушӣ дар Ғазза аст.

Ба гузориши хабаргузории Абно, нашрияи «The Atlantic», «Абдурраҳмон Муҳаммад ас-Сайед», сенатори интихобшудаи демократ аз иёлати Мичиган, дар изҳороти сариҳи худ бо ишора ба нақши харобиовари Вашингтон дар ҷанги Ғазза таъкид кард: «Мо ба наслкушӣ кӯмак кардем, ба иҷрогарони он силоҳ додем ва дар ин ҷиноятҳо нақш доштем; ҳақиқат ҳамин аст.»

Ӯ бо ишора ба омори таҳлукангезони шаҳидон дар Ғазза афзуд, ки дасти кам 70 ҳазор нафар — ки дасти кам нисфи онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд — дар ин ҷиноятҳо ҷони худро аз даст додаанд ва ин рақами ҳадди ақал аст.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ бо интиқод аз стандартҳои дугонаи давлатмардони Вашингтон қайд кард, ки агар кишвари дигар муртакиби чунин фоҷиаҳо шуда буд, бо шадидтарин вокунишҳо рӯбарӯ мешуд.

Ас-Сайед пештар низ дар изҳороти худ бо интиқод аз қарордоди фурӯши 2,8 миллиард долларии бомбаҳои дуҳазор фунтӣ ба режими сионистӣ, ки аз маҳали андозҳои шаҳрвандони Амрико таъмин мешавад, хостори қатъи ин кӯмакҳо шуда ва таъкид карда буд: «Як бомбаи дуҳазор фунтӣ ҳеҷ гоҳ ба касе омӯзиш надода, касеро сер накарда ва хидматоти тиббӣ арза накардааст; ба ҷои фиристодани бомба барои рехтан ба сари мактабҳо, ин буҷа бояд сарфи омӯзиш ва беҳдошт дар дохили Амрико шавад.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha