Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Ал-Ҷазира, Раҷаб Таййиб Эрдоғон, раисҷумҳури Туркия, гуфт: ҳамкориро бо Қатар барои пешгирӣ аз шӯълавар шудани дубораи ҷанг дар минтақаи Халиҷи Форс идома хоҳем дод.
Бар асоси ин гузориш, Эрдоғон ҳангоми мизбониӣ аз амири Қатар дар Туркия ин суханонро баён кард.
Дафтари раёсати ҷумҳурии Туркия ҳам эълом кард, ки бо Қатар паймони дифоъи муштаракро дар Туркия имзо кардаанд.
Амири Қатар ва раисҷумҳури Туркия инчунин шоҳиди мубодилаи як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум байни ду кишвар буданд.
Амири Қатар гуфт: шарикии роҳбурдӣ байни Қатар ва Туркия дар соҳаҳои мухталиф рушд мекунад ва нишасти имрӯз нишонаи ин амр буд.
Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ таъкид кард: бо Эрдоғон дар бораи роҳҳои пайгирии дастовардҳои мавҷуда ва таъйини афзалиятҳои ҳамкории муштарак дар марҳилаи оянда гуфтугӯ кардам.
Your Comment