Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз шабакаи Си-Эн-Би-Си, вазири хазинаи Амрико, ки ба қабули мавқеъҳои хусуматнок алайҳи мардуми Эрон маъруф аст, дар суханонаш иддио кард: ба эрониён пешниҳоди созиш дода шуд ва эҳтимолан онҳо метавонистанд пеш аз интихобот ба созиши беҳтар даст ёбанд.
Бар асоси ин гузориш, «Скотт Бессент» дар идома афзуд: ҳоло раисҷумҳур Трамп фикр намекунад, ки мо ба созиш бо Эрон ниёз дорем ва ба эъмоли фишор бар ин кишвар идома медиҳем.
Вазири хазинаи Амрико дар изҳороте, ки аз инсондӯстӣ дур аст, иддио кард: зимистони тӯлонӣ ва хунук дар пеши эрониён хоҳад буд.
Скотт Бессент инчунин бо такрори иддиаҳои беасос ва хилофи воқеъи роҳбари худ афзуд, ки Эрон дар ниҳоят хоҳони созиш хоҳад буд.
Ӯ инчунин эътироф кард, ки ба сабаби таҳдидҳои амниятӣ маҳали зисташро тағйир дода ва ба як пойгоҳи низомӣ кӯчидааст.
Вазири хазинаи Амрико, ки аз тарс хонаи худро тарк карда ва ба пойгоҳи низомӣ кӯчидааст, иддио кард, ки аз таҳдидҳои Эрон ҳаросон нахоҳад шуд.
Your Comment