Ба гузориши хабарии АБНА ба нақл аз Ал-Масира, Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълон кард: Ҷангаҳои саудӣ дар тӯли 24 соати гузашта 93 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Яман анҷом доданд.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард: Ҷангаҳои саудӣ маконҳои ғайринизомиро дар Санои пойтахт ва вилоятҳои Ал-Ҷавф, Таиз, Саъда, Маъриб, Амрон, Лаҳҷ ва Ҳаҷҷа бомбаборон карданд.
Вай тасреҳ кард: Ин ҳамлаҳо бо ҷангаҳои F-15 ва Typhoon анҷом шуданд, ки аз пойгоҳҳои Хамис Мушайт ва Тоиб парвоз карданд. Ин ҳамлаҳо ба шаҳодат ва захмӣ шудани шуморе аз ғайринизомиён оварда расонд, ки занон ва кӯдакон дар миёни онҳо ба назар мерасанд.
Яҳё Сареъ инчунин эълон кард: Маҷмӯи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакӣ Арабистони Саудӣ алайҳи Яман аз замони оғози шадидшавии таниш ба 4032 ҳамлаи ҳавоӣ ва мушакӣ расидааст.
Your Comment