Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз рӯзномаи «Укоз», як манбаи расмӣ дар Вазорати энергетикаи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки шомгоҳи сешанбе, як бинои идорӣ тааллуқдошта ба ширкати Арамко дар Заҳрон воқеъ дар вилояти шарқии ин кишвар ҳадаф қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаи ёдшуда, ин ҳамла боиси оташсӯзии ҷузъӣ шуда, аммо талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
Пештар хабаргузории Ройтерс ба нақл аз манбаъҳои огоҳ гузориш дода буд, ки бинои марказии Арамко дар Заҳрон мавриди исибати партоб қарор гирифта ва идораи ин ширкат ба кормандони худ дастур додааст то иттилои сонӣ ба сурати давркорӣ фаъолият кунанд.
Ин ҳамлаҳо ҳамзамон бо амалиёти талофӣҷӯёнаи нерӯҳои мусаллаҳи Яман алайҳи мавқеъҳои эътилофи таҷовузкори Саудӣ сурат мегирад.
Арабистони Саудӣ аз соли 2015 бо таҷовузи низомӣ ва татбиқи муҳосираи ҳамаҷониба алайҳи Яман, буҳрони инсонии бузургро дар ин кишвар рақам задааст; аммо бо касби муваффақиятҳои ахири артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ва тасаллут бар минтақаҳои роҳбурдӣ аз ҷумла Тангаи Бобулмандоб, мувозинаи қудрат дар минтақа ба зарари эътилофи Саудӣ тағйир ёфтааст.
Your Comment