Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Арабӣ 21, Идораи тафтишоти федеролии Амрико ба боздошти як муҳандиси саудӣ, ки дар ширкати OpenAI, азими зеҳни сунъӣ кор мекунад, ба иттиҳоми кӯшиши шунидани ҷаласаҳои махфӣ тавассути гузоштани дастгоҳҳои сабти пинҳонӣ дар утоқҳои ҷаласаи махсуси масъулони олии ин ширкат амал кардааст.
Дар ҳамин робита рӯзномаи Калифорния Пост гузориш дод, ки Абдурраҳмон ал-Фавзон 35-сола аз Арабистони Саудӣ аз рӯзи ҷумъа дар боздошти федеролӣ қарор дорад. Ширкати мазкур як дастгоҳи сабти садоро кашф кард, ки ба таври пинҳонӣ ба даргоҳи USB пушти як телевизион дар яке аз утоқҳои ҷаласа пайваст шуда буд. Ин дастгоҳ барои пинҳон мондан дар коғази ҳоҷатхона печонида шуда буд.
Ба навиштаи ин рӯзнома ба назар мерасад аз ин утоқ барои баргузории ҷаласаҳои сатҳи болоии мудирони ширкат дар бораи барномаҳои махфии он аз ҷумла таҳқиқоти ихтисосӣ, тавонмандиҳои техникӣ, равобит бо ниҳодҳои давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳассос истифода мешуд.
Вазорати адлияи Амрико эълом кард ал-Фавзон аз июли 2025 дар ширкати мазкур дар Сан-Франсиско машғули кор будааст.
Ин шаҳрванди саудӣ дар сурати исботи иттиҳомаш ба ҳадди аксар 5 сол ҳабс, пардохти 250 ҳазор доллар ҷарима ва се сол озодии таҳти назорат маҳкум хоҳад шуд.
Your Comment