13 Октябр 2026 - 12:21
Source: ABNA
Намояндаи СММ дар Шӯрои Амният: таҷовузи Исроил алайҳи Сурия бояд қатъ шавад

Муовини фиристодаи махсуси СММ дар Сурия хостори қатъи таҷовузи режими исроилӣ алайҳи ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабарии АБНА аз Ал-Манар, муовини фиристодаи махсуси СММ дар Сурия дар суханони худ дар нишасти Шӯрои Амният таъкид кард, ки таҷовузи режими исроилӣ алайҳи ин кишвар, бахусус дар ҷануби он, бояд қатъ шавад.

Вай ба хоҳиши Дабири кулли СММ барои эҳтиром гузоштан ба созишномаи тарки мухосимаи соли 1974 ва ҳимоят аз ҳокимияти Сурия ва тамомияти арзии он ишора кард.

Ин намояндаи СММ бо ишора ба вазъияти Сурия, бахусус вилояти Сувайдо, хостори иҷрои гуфтугӯҳои дохилӣ барои убур аз чолишҳои пешрав шуд.

Иброҳим ал-Алабӣ, намояндаи Сурия дар СММ, низ гуфт, ки набояд иҷоза дод оқибатҳои ҷанг ва таҷовузи Исроил дастовардҳои ин кишварро аз байн бибарад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha