29 Сентябр 2026 - 12:51
Source: ABNA
Ҳаки густурдаи Пентагон; ошкор шудани иттилооти ҳассоси 3 миллион низомии Амрико

Як расонаи амрикоӣ аз ҳаки густурдаи пойгоҳҳои додаҳои марбут ба Вазорати ҷанги Амрико хабар дод, ки дар натиҷаи он иттилооти ҳассоси 3 миллион низомии Амрико ошкор шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Абна, шабакаи амрикоии «ABC News» имрӯз аз вуҷуди як рахнаи амниятӣ дар як пойгоҳи додаҳои азими марбут ба Вазорати ҷанги Амрико (Пентагон) хабар дод, ки боиси ошкор шудани иттилооти ҳассоси марбут ба тақрибан 3 миллион низомӣ ва корманди ин вазорат шудааст.

Ин шабака ба нақл аз як мақоми дифоии Амрико гузориш дод, ки нуфуз ба пойгоҳи додаҳои кормандони Пентагон 2 миллиону 760 ҳазор нафар аз шахсони зинда ва 294 ҳазор нафари дигар аз фавтидагонро дар бар гирифтааст.

Ин мақоми амниятӣ афзуд, ки яке аз системаҳои маркази додаҳои нерӯи инсонии Пентагон дар бозai замонии байни октябри 2025 то июли 2026 мавриди дастрасии ғайримуҷоз қарор гирифтааст, ки тавассути он ҳувияти ин шахсон муайян шудааст.

Ин мақоми дифоӣ таъкид кард, ки иттилооти фошшуда рақамҳои кафолати иҷтимоӣ ва иттилооти марбут ба шуғлҳои низомиён ва кормандони ғайринизомиро дар бар мегирад, ки метавонад нигарониҳои ҷиддӣ дар заминаи амнияти миллӣ ба вуҷуд оварад.

Вай бо ишора ба он ки шумори маҳдуди корбарони ғайримуҷоз муваффақ ба дастрасӣ ба ин додаҳо шудаанд, иддао кард, ки ин марказ фавран пас аз кашфи рахна, рахнаи амниятиро бартараф кардааст.

Чанд рӯз пеш низ, гурӯҳе аз ҳакерҳо бо номи «Shiny Hunters», эълон карданд, ки ба дарвозаи корёбии Дафтари таҳқиқоти федералии Амрико нуфуз кардаанд. Рӯзномаи New York Times дар ин бора гузориш дод, ки ин гурӯҳ иддао кардааст, ки номҳои агентони собиқ ва довталабон ва суроғаи хонаҳо, рақамҳои телефон, номҳои ҳамсарон ва баъзе иттилооти тиббӣ ва додаҳои дигари ин шахсонро ба даст овардааст.

Ин рӯзнома гузориш дод, ки Дафтар вуқуи ин нуфузи иттилоотиро тасдиқ ва таҳқиқотеро оғоз кардааст, аммо то ҳол муайян нашудааст, ки нуқтаи дақиқи нуфуз куҷост ва оё ин рахна дар системаҳои худи Дафтар рух додааст ё тавассути як паймонкори хориҷӣ.

New York Times инчунин фош кард, ки мақомоти Амрико пештар вуҷуди ҳакерҳои чинӣ дар як пойгоҳи додаҳои марбут ба дастурҳои назорати дохилиро пай бурда буданд, ки ин ҳодиса пас аз нуфузҳои қаблӣ ба шабакаҳои мухобиротии Амрико рух дод.

Your Comment

You are replying to: .
captcha