24 Сентябр 2026 - 09:30
Source: ABNA
Охирин ақдомоти хусуматборонаи Канада алайҳи Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Канада аз татбиқи таҳримҳо алайҳи 10 шахс ва ниҳоди эронӣ ба баҳонаи сохта ва такрорӣ оид ба нақзи ҳуқуқи башар хабар дод.

Ба гузориши хабарагентии АБНА ба нақл аз хабарагентии Анадулу, Канада имрӯз чоршанбе таҳримҳои навро алайҳи мақомот ва ниҳодҳои эронӣ эълон кард.

Баҳонаи Оттава аз ин ақдомоти хусуматборона, назорати рақамӣ ва дигар мавориди иддиошавандаи нақзи ҳуқуқи башар иддио шудааст!

Вазорати корҳои хориҷии Канада дар баёнияе эълон кард, ки Анита Ананд, вазири корҳои хориҷӣ, «имрӯз хабар дод, ки Канада таҳримҳоро алайҳи 5 шахс ва 5 ниҳод, бар асоси қоидаҳои ақдомоти махсуси иқтисодӣ (Эрон), татбиқ мекунад».

Ба гузориши Анадулу, Канада аз октябри 2022 то ҳол, дар чаҳорчӯбаи ақдомоти зиддиэронии марбут, 24 давраи таҳримро алайҳи 237 шахс ва 265 ниҳоди эронӣ татбиқ кардааст!

Your Comment

You are replying to: .
captcha