Ба гузориши хабаргузории Абна, хабарнигори Ал-Манар аз ҳамлаи тупхонаи артиши режими сионистӣ ба минтақаи Алӣ ат-Тоҳир ва инчунин шаҳраки Байт Яҳун дар ҷануби Лубнон хабар дод.
Ҳамчунин артиши режими сионистӣ минтақаи байни Ҳаддоса ва Ҳорисро низ бо тупхона гулӯлаборон кард.
Аз сӯи дигар, артиши режими сионистӣ имрӯз шанбе низ, чанд амалиёти инфиҷорро дар шаҳраки Ал-Мансурӣ воқеъ дар ҷануби Лубнон анҷом дод ва инфрасохтори мавҷуд дар ин минтақаро хароб кард.
Ҳамчунин низомиёни режими сионистӣ инфиҷори мушобеҳеро низ дар шаҳраки Айнато дар Бинт Ҷубайл анҷом доданд.
Дар минтақаи Ат-Тайба дар Марҷаюн дар ҷануби Лубнон низ низомиёни ишғолгар инфиҷори бузурге анҷом доданд ва даст ба вайронгарӣ заданд.
Your Comment