Ба гузориши агентсии «Абна» ба нақл аз агентсии хабарӣ «Шиҳоб», Нафтали Беннет, сарвазири пешини режими сионистӣ, аз амали Бинёмин Нетаняҳу, сарвазири кунунии ин режим, ба сахтӣ интиқод кард.
Беннет гуфт: «Нетаняҳу усули дурӯғпаҳнӣ ва табдил додани нерӯҳои амниятӣ ба душманро пеша кардааст, то битавонад худашро аз масъулияти мустақим дар қабили ҳамлаи 7 октябр ("Тӯфони Ақсо") озод кунад».
Вай илова кард, ки ин равиш бо ҳадафи интиқоли масъулиятҳо ва дур кардани иттиҳомот аз Нетаняҳу анҷом мешавад.
Изҳороти Беннет дар ҳоле баён мешавад, ки ба наздикӣ Сора Нетаняҳу, ҳамсари сарвазири режими сионистӣ, Яир Голан, муовини собиқи раиси ситоди артиши ин режимро муттаҳим кард, ки ӯ пеш аз ҳамлаи «Тӯфони Ақсо» (7 октябр) дар ҷараёни он қарор доштааст.
Голан низ бо радди ин иттиҳомот таъкид кард, ки қасд дорад аз ҳамсари сарвазири режими сионистӣ шикоят кунад.
Ҳизби вобаста ба Голан таъкид кардааст, ки Нетаняҳу ба ҷои узрхоҳӣ ба сабаби камбудӣ дар қабули тадбирҳои амниятӣ, кӯшиш мекунад аз зери бори масъулияти ин воқеа шона холӣ кунад.
Дар ҳоле ки кабинети Нетаняҳу монеи ташкили комиссияи расмӣ баъд аз гузашти се сол аз вуқӯъи амалиёти «Тӯфони Ақсо» бо ҳадафи решаёбии холигоҳҳои амниятӣ шудааст, ҳамсараш таъкид кард, ки бояд комиссияи таҳқиқотӣ дар бораи таҳқиқи эҳтимоли хиёнат дар миёни мақомоти сионистӣ таъсис дода шавад.
Гадӣ Айзенкот, рақиби асосии Нетаняҳу низ таъкид кард: «Ӯ аз бузургтарин шикасти таърихи режими сохтаи Исроил мегурезад».
Your Comment