Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Ҷазира, Шин Бет тасдиқ кард, ки Яир Нетанйаху, писари Бинёмин Нетанйаху, сарвазири низоми сионистӣ, ба далели он чизе, ки «таҳдиди назаррас» хонда шуд, аз Майамии Амрико бозгардонида шудааст.
Агентии амнияти дохилии низоми сионистӣ моҳияти таҳдид ё он ки дар паси он ки будааст, мушаххас накардааст.
Изҳороти ин агентия пас аз гузорише дар аввали ин ҳафта дар бораи он ки писари Нетанйаху дар декабри соли 2025, вақте ки дар Флорида зиндагӣ мекард, ҳадафи як тавтеъаи тарор қарор гирифта буд, мунташир шудааст.
Дар баёнияе дар ин бора Шин Бет даъво кард, ки «таҳдиди назаррасе барои зарар расонидан ба Яир Нетанйаху вуҷуд дошт ва бо назардошти ин ва пас арзёбӣ, қароре дар бораи хуруҷи фаврии ӯ ҳамроҳ бо гурӯҳи амниятиаш ва бозгардонидани ӯ ба Исроил гирифта шуд.»
Шабакаи 12-и низоми сионистӣ низ гузориш дод, ки ба мақсади анҷом додани амалиёти ногаҳонӣ, Шин Бет баъзе аз маъмурони худро аз Ню-Йорк ба Майами интиқол додааст, ҷое ки онҳо ҳамроҳ бо Исҳоқ Ҳертсог, раиси низоми сионистӣ буданд.
Your Comment