Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна» ба нақл аз Алҷазира, Исроил Катс, вазири ҷанги режими сионистӣ, дар рафти боздиди имрӯзаи худ аз минтақаҳое дар Сурия эълом кард, ки артиши ин режим он чиро ки минтақаи ҳоили худ дар ҷануби Сурия мехонад, тарк нахоҳад кард.
Вай иддао кард: «Мо то замоне ки таҳдидҳо бар зидди Исроил вуҷуд дошта бошанд, аз кӯҳи Ҳармон (Ҷабал-уш-Шайх) ва минтақаи амниятӣ ҳаракат нахоҳем кард. Паём ба раисиҷумҳури Сурия равшан аст – вақте ки шумо саҳар дар қасри Димишқ аз хоб мехезад ва ба кӯҳи Ҳармон (Ҷабал-уш-Шайх) нигоҳ мекунед ва артиши Исроилро мебинед, медонед, ки мо дар ин ҷо ҳастем то аз ҷамоаҳо ва сарҳадҳои худ дифоъ кунем».
Катс бо ишора ба ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба пойгоҳи ҳавоии Сурия афзуд, ки Исроил бар зидди кӯшиши Туркия барои истиқрор дар Сурия амал кард, ки манфиатҳои амниятии Исроилро ба хатар мегузорад. Вай гуфт: «Мо инро равшан кардем ва дар оянда низ ба он пойбанд хоҳем буд».
Your Comment