23 Август 2026 - 11:39
Source: ABNA
Яман: Таҳримҳои Амрико бар Ҳезбуллоҳ барои кӯмак ба режими сиёнистӣ мебошад

Вазорати умури хориҷаи Яман эълон кард, ки таҳримҳои Амрико бар Ҳезбуллоҳ ва муқовимати Лубнон барои ёри расондан ба душмани сиёнистӣ мебошад.

Ба гузориши агентсии «Абно» ба нақл аз «Ал-Масира», Вазорати умури хориҷаи Яман дар баёнияе эълон кард: «Таҳримҳои Амрико бар Ҳезбуллоҳ ва муқовимати Лубнон барои ёри расондан ба душмани сиёнистӣ мебошад. Ин таҳримҳои ғайриқонунӣ ва мисолҳои монанди он ошкоро қонунҳои байналмилалии ҳоким бар робитаҳои миёни давлатҳоро вайрон мекунанд.»

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Яман илова шудааст: «Ҳар гоҳ душмани сиёнистӣ ба даст овардани натиҷаи низомӣ ва қатъӣ ноком мешавад, Амрико барои анҷоми он вазифа ба амал медарояд. Таҳримҳои Амрико бар Ҳезбуллоҳ гувоҳе бар шикасти низомии режими сиёнистӣ мебошад.»

Дар ин баёния омадааст: «Ҳадаф қарор додани Ҳезбуллоҳ ва муқовимати Лубнон дар ин замони махсус аз ҷониби ҳар тарафе ки бошад, ба маънии кӯмаки ошкоро ба душман ва ширкати фаъол дар ҷиноятҳои он аст. Мақомоти Лубнон бояд таърихро бодиққат мутоила кунанд; зеро ҳамсӯ шудан бо душман бетаваққуф ба нестӣ меанҷомад.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha