Ба гузориши агентсии «Абно», вебсайти Интерсепт навишт, ки шикасти Моссад дар Эрон, пас аз пешгӯиҳои ноком дар мавриди тарҳи фармондеҳон ва таҳрики афкори умумии Эрон барои сарнагунии низом, бӯҳрони дохилиро дар сарзаминҳои ишғолӣ шарора афкандааст.
Бар асоси ин гузориш, нокомии иттилоотии режими сиёнистӣ дар Эрон, оқибатҳои рӯзафзуни дохилиро ба бор овардааст; оқибатҳое, ки бо афзоиши интиқодҳо аз фаъолияти хадамоти ҷосусӣ «Моссад» ва шикасти ҳисоботи ин созмон дар бораи сарнагунии низоми Эрон аз дарун ҳамроҳ шудааст. Ин дар ҳолест, ки ихтилофот дар дохили ниҳодҳои сиёнистӣ пиромуни коромадии гузинаи низомӣ амиқтар шудааст.
Интерсепт бо ишора ба «шикасти таърихии Моссад» дар заминаи хаёлотҳои марбут ба тағйири ҳукмронӣ дар Эрон навишт, ки ин нокомӣ ба таркиши бӯҳрони дохилӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ овардааст.
Ин вебсайт дар мақолаи худ ба оқибатҳои барканории ногаҳонӣ ва бесобиқаи фармондеҳони сатҳи баланд дар хадамоти ҷосусӣ Моссад, дар пайи шикасти фоҷеии амалиёти иттилоотӣ алайҳи Эрон пардохтааст.
Your Comment