22 Август 2026 - 12:35
Source: ABNA
Ню Йорк Таймз: Ансаруллоҳро ҳеҷ гоҳ кам нашуморед

Рӯзномаи амрикоии Ню Йорк Таймз дар мақолае бо ишора ба қудрати Ансаруллоҳи Яман дар бастани тангаи Боб-ул-Мандаб навишт, ки қобилиятҳои Ансаруллоҳ онро ба бозигари минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил додааст.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна», рӯзномаи «Ню Йорк Таймз» дар таҳлиле бо қалами «Александра Старк» нисбат ба кам аҳамият додан ба нақши «Ансаруллоҳ»-и Яман ҳамчун «нерӯи ниёбатӣ барои Эрон» ҳушдор дода, таъкид кард, ки қобилиятҳои Ансаруллоҳ ва мавқеи баҳрии Яман, таъсире фаротар аз арсаи дохилӣ ба онҳо бахшида ва онҳоро ба бозигар дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил додааст.

Ин муҳаққиқ дар таҳлили худ навишт: «Танҳо чанд сол пеш, Ансаруллоҳи Яман дар рутбаи дуюм ё сеюми меҳвари муқовимати Эрон қарор мегирифт, ки ин амр боиси он гардид, ки сиёсатгузорони амрикоӣ бо он чун нерӯҳои тобеи Теҳрон муносибат кунанд. Аммо бо вуҷуди баҳрамандӣ аз силоҳ, таълим ва таҷрибаҳои Эрон, Ансаруллоҳ манфиатҳои хоси худро доранд ва бар асоси он амал мекунанд.»

Вай нисбат ба идомаи нодида гирифтани аҳамияти Ансаруллоҳ дар Яман ҳушдор дода, бовар дорад, ки таҳаввулоти охир нишондиҳандаи табдил ёфтани онҳо ба тарафи таъсиргузор дар ҳисобҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки дар баррасии парвандаҳои ҷанг ва сулҳ дар минтақа, нақши онҳоро наметавон нодида гирифт.

Ин таҳлил, қобилияти Ансаруллоҳ дар истифода аз мавқеи ҷуғрофӣ ва баҳрии Яман ҳамчун воситаи стратегиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, илова мекунад, ки таъсири онҳо дигар маҳдуд ба масъалаҳои Яман нест, балки ба парвандаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус амнияти киштиронӣ ва низоъҳо дар минтақа паҳн шудааст.

Александра Старк бовар дорад, ки яке аз ҷанбаҳои қобили таваҷҷуҳи фаъолияти Ансаруллоҳ, қобилияти онҳо дар интихоби вақти шиддат гирифтани вазъ дар ростои хидмат ба ҳадафҳошон ва тақвияти мавқеи гуфтушуниди онҳо мебошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha