Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» бо истинод ба рӯзномаи Wall Street Journal, «Дэн Дрискол», вазири артиши Иёлоти Муттаҳида омодагӣ мебинад, ки ҳукумати Доналд Трампро тарк кунад; амале, ки гуфта мешавад пас аз моҳҳо ихтилоф ва шиддат бо Пит Хегсет, вазири ҷанги Амрико, анҷом медиҳад.
Якчанд мансабдори огоҳ аз ин мавзӯъ рӯзи ҷумъа ба Wall Street Journal гуфтанд, ки Дрискол интизор аст, ки пеш аз поёни соли ҷории милодӣ аз вазифаи худ истеъфо диҳад ва ҳатто ин хурӯҷ метавонад пеш аз вақт анҷом шавад.
Истеъфои эҳтимолии Дрискол метавонад тағйироти бештарро дар сатҳҳои олии фармондеҳии артиши Амрико ба бор орад.
Пеш аз ин, Хегсет дар моҳи апрел ба таври ногаҳонӣ генерал «Ренди Ҷорҷ», раиси ситоди артиши Амрикоро барканор карда буд ва Трамп то ҳол номзади доимиро барои ивази ӯ пешниҳод накардааст.
Дар ҳоли ҳозир генерал «Кристофер Ланио», ки пештар ҳамчун ёвари калони низомии Хегсет фаъолият мекард, вазифаҳои раиси ситоди артишро ба таври муваққатӣ бар ӯҳда дорад.
Your Comment