22 Август 2026 - 12:35
Source: ABNA
Суханони беҳуда ва такрории Трамп дар бораи созиш бо Эрон ва тангаи Ҳурмуз

Раисиҷумҳури Амрико бо такрори суханони беҳуда ва такрории худ дар ҳафтаҳо ва моҳҳои гузашта даъво кард: Тангаи Ҳурмузро хоки Амрико мешуморам.

Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абна» бо истинод ба шабакаи Ал-Ҷазира, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, дар идомаи суханони такрорӣ ва таърихи гузаштааш, ки дар моҳҳо ва ҳафтаҳои гузашта ба таври мукаррар такрор шудааст; даъво кард: Эрон дар пайи ба даст овардани созиш аст ва Амрико «назорати пурра»-и сарҳадҳо ва тангаи Ҳурмузро дар ихтиёр дорад.

Трамп инчунин даъво кард, ки Эрон дигар пуле дар ихтиёр надорад ва қодир ба пардохти маоши нерӯҳои полис ва артиши худ нест.

Вай бе он ки аз суханони такрорияш хаста шавад, даъво кард: Эрониҳо ба шиддат хоҳони ба даст овардани созиш ҳастанд, аммо барои пазируфтани «созиши муносиб» омодагӣ надоранд.

Вай дар суханоне, ки бештар ҷанбаи ором кардани талтимоти фазои дохилии Амрикоро дошт, ки барои гарон шудани нархи сӯзишворӣ дар натиҷаи баста будани тангаи Ҳурмуз ба ҳам рехтааст, даъво кард: Ба маҳзи ба охир расидани масъалаи Эрон, нархи нафт ба камтар аз сатҳи кунунӣ коҳиш хоҳад ёфт.

Трамп даъво кард: Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ надорад. Онҳо ба шиддат хоҳони ба даст овардани созиш ҳастанд, аммо мо ҳатто намедонем, ки оё худамон чунин чизеро мехоҳем ё не.

Вай дар қисмати дигари суханонаш орзуи муҳоли худро такрор кард ва дар суханони сахтивор даъво кард: Дар ҳоли ҳозир тангаи Ҳурмузро хоки Амрико мешуморам.

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи даъвоҳои хастакунандаи худ, ки ба таври рӯзона такрор мешавад, даъво кард: Эрон танҳо кишвари ҷаҳон аст, ки дар он ҳеҷ кас намехоҳад раисиҷумҳур бошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha