Ба гузориши агентҳои хабаррасонии «Абна» ба нақл аз ТАСС, Сеймур Херш, рӯзноманигори амрикоӣ ва барандаи ҷоизаи Пулитцер таъкид кард, ки маъмурияти Доналд Трамп, президенти Амрико, худро дар миёни як муноқишаи шадиди низомӣ бо Эрон мебинад ва эҳтироми худро дар миёни иттифоқчиёнаш дар минтақа аз даст додааст.
Вай илова кард, ки маъмурияти Трамп дастгирӣ ва эҳтироми бисёре аз иттифоқчиёни қадимии минтақавии худро - кишварҳое, ки аз ҳамлаҳои дақиқи мушақӣ ва парронаҳои бесарнишини Эрон зарар дидаанд - аз даст додааст.
Херш таъкид кард: «Трамп ба муноқишае ворид шуд, ки баъдан фаҳмид, ки аз он чизе, ки фикр мекард, мураккабтар аст. Мақомоти Эрон ҳанӯз ҳам муқовимат мекунанд.»
Вай ҳушдор дод, ки Амрико метавонад дар муддати кӯтоҳ тангаҳои Ҳурмузро аз даст диҳад ва ҳамин масъала имкониятҳои коҳиши нархи бензин ва шанси ҷумҳурияхорон дар интихоботи миёнамуддатро кам мекунад, хусусан он ки Трамп аз қатъи музокира бо Эрон хабар додааст.
Your Comment